800 Газали дилошуб.РУМИ

by Sulaymokhon Sultonov

free


not available



Ҷуз вай чӣ бошад, к-аз аҷал андаррабояд кулли мо?!Сад ҷон барафшонам бар ӯ, гӯям: «Ҳанийян, марҳабо!».Рақсон суви гардун шавам, з-он ҷо суви бечун шавам,Сабру қарорам бурдайӣ, ай мизбон, зутар биё!Аз маҳ ситора мебарӣ, ту пора-пора мебарӣ,Гаҳ ширхора мебарӣ, гаҳ мекашонӣ дояро!Дорам диле ҳамчун ҷаҳон, то мекашад кӯҳи гарон,Ман куҳкашам, каҳ кай кашад з-ин коҳдон охир маро?!Гар мӯйи ман чун шир шуд, аз шавқи мурдан пир шуд,Ман ордам, гандум наям, чун омадам дар осиё?!Дар осиё гандум равад, к-аз сунбула зодаст ӯ,Зодай маҳам, не сунбула, дар осиё бошам чаро?!Не, не, фитад дар осиё ҳам нури маҳ аз равзане,З-он ҷо ба сӯйи маҳ равад, не дар дукон нонбо!Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме,Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!